МАВЛУДИ ҲАЗРАТИ АЪЛО (#15680)

Ба Номи Мавлуде, ки Худованд Уро Мубашшири Номи Азиз ва Дустдоштаи Худ намуд. Лавҳе аз суйи Мо барои шабе, ки дар он осмонҳо ва замин равшан шуд, аз нури дурахшоне, ки ба воситаи он аҳли ҷаҳонҳо, фурузон шуданд. Хушо аз барои ту, эй шаб, ки дар ту Рузи Худованд таваллуд шуд, ки Мо Уро, барои аҳли мадоини асмо чароғи наҷот намудем ва барои ононе, ки дар майдонҳои бақоянд ҷоми комронӣ фармудем ва барои ҳама офариниш сарчашмаи шодӣ ва хуррамӣ намудем. Баланд аст Худованд – Офарандаи осмон, Оне, ки уро водор намуд, ки ба ин номе ба гуфтор ояд, ки ба он пардаҳои мавҳум ва абрҳои гумон дарида шуд ва номи Қайюм аз уфуқи яқин дурахшон гардид ва хатми раҳиқи ҳаявон кушода шуд! Ва боби илм ва баён ба руйи офариниш боз гардид ва вазиши Раҳмон бар тамоми руйи замин ҷорӣ шуд. Некуст, он ҳине, ки дар он Ганҷи Худованди Тавоно, Доно ва Хирадманд падидор гардид. Эй аҳли замин ва осмон! Ба ростӣ, шаби нахустинро Худованд нишонае барои шаби дигаре намуд, ки дар у Оне ба ҷаҳон омад, ки ба ёдҳо шинохта нашавад ва ба ситоишҳо сутуда нагардад. Хушо аз барои он касе, ки дар бораи ин ду шаб андеша намояд, у зоҳирро ҳамоҳанги ботин бинад ва ба розҳои Яздон огоҳ таи он аркони ширк ба ларза афтод ва бутҳои хаёлӣ беҳуш гардид ва парчами “нест Худое, ҷуз У, Тавоно ва Баланд, ва Беҳамто ва Якто, ва Нигаҳбон ва Азиз, ва Дастнорас” барафрошта шуд.  Ва дар он шаб буйи хуши висол вазид ва дарвозаҳои дидор дар анҷом боз гардид ва   ҳама   офариниш   ба   гуфтор   омад: «Мулк аз они Худованд – Дорандаи Номҳост, Оне, ки ба Қудрате омад, ки оламҳоро иҳота намудааст», ва дар он Анҷумани Боло Рабби Алии Абҳои худро бо овозҳои шодиёна пешвоз гирифт, ва ситоиш намуд. Ва ҳақиқатҳои номҳои Дорандаи охират ва дунёро мадҳу сано хонд, барои ин Зуҳуре, ки ба воситаи он куҳҳо ба суйи Дорои Боло парвоз Маҳбуб таваҷҷуҳ карданд, ва баргҳо аз бодҳои орзумандӣ ба ҷунбиш омаданд, ва дарахтон аз ҷазби овози Соҳибихтиёр нидо намуданд, ва олам аз шавқи лиқои молики Қедам ба ҷушу хуруш омад, ва ҳамаи офариниш аз Калимаи Пинҳоние, ки ба Ин Исми Аъзам покиза гардида буд, тоза шуд. Эй шаби пурато, Мо дар ту Модари Китобро мебинем. Оё У Мавлуд аст ё Китоб? На! Қасам ба ҷони Ман, ҳамаи инҳо дар мақоми номҳоянд. Худованд Уро аз ҳамаи номҳо пок намудааст. Ба воситаи У Ғайби Макнун ва Сирри Махзун зоҳир шуд. На, қасам ба умри ман, ҳамаи инҳо дар мақоми сифот ёд мешаванд, ва ба ростӣ У Султони сифот аст. Ба воситаи У мазҳарҳое зоҳир шуданд, ки пеш аз У набуданд, магар Худованд. Хушо аз барои ононе, ки бовар намуданд! Ин аст, ки Килки Боло дар ҳайрат афтод ва мегуяд: Эй Оне, ки ба воситаи номҳо ёд нагардӣ, маро биомурз, ба қуввати Худ, ки замин ва осмонро нигаҳбон ва ҳукмфармост. Зеро ман ба офариниши Ту халқ шудам. Чӣ гуна тавонам он чиро зикр намоям, ки ба воситаи офариниш зикр нашавад. Бо вуҷуди ин қасам ба иззати Ту, агар он чиро, ки Ту ба ман илҳом бахшидаӣ зикр намоям, ҳама коинот бечуну чаро аз фараҳ ва шодмонӣ ҳалок ва нест шаванд. Пас чӣ гуна мавҷафшонии баҳри баёни Туро дар ин мақоми равшан ва пурҷалол ва ҷойгоҳи болотарини дуртарин зикр Эй Рабби ман! Бубахш, ки ин қалами лол зикри мақоми аъзами Ту намуд. Сипас ба ман раҳм намо, Эй Дорандаи ман ва Султони ман! Ва аз ман бигзар, ки дар пеши Ту хато намудам. Ба ростӣ, Туӣ Диҳанда ва Тавоно ва Омурзанда ва Пурато.

-Bahá'u'lláh
-----------------------

